Ҷаласаи васеи Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор Печать
Автор: Комрон   
16.08.2019 09:14

Љаласаи васеи Шўрои њамоњангсозї оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор

Санаи15 августи соли 2019 љаласаивасеи Шўрои њамоњангсозї оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тољикистон» бо иштироки Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим, муовинони раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерхон Салимзода ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа, аъзоёни Шӯро аз ҳисоби роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва мутахассисони соҳавӣ баргузор гардид.

 

Љаласаи васеи Шўрои њамоњангсозї оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадорро раиси Шўро-муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон муњтарам Азим Иброњим њусни ифтитоњ бахшида, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

1. «Вазъи имрӯзаи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои пешгирии он».

2. «Вазъи Вируси норасоии масъунияти одам Бемории пайдошудаи норасоии масъуният ва вазъи осебпазирии аҳолӣ бо тадбирҳои пешгирии онҳо».

3.Маълумот оид ба иҷрои қарорҳои Протоколи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор аз 12-уми феврали соли 2019.

Оид ба «Вазъи имрӯзаи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои пешгирии он” директории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Шӯро – Шерхон Салимзода,  оид ба “Вазъи Вируси норасоии масъунияти одам Бемории пайдошудаи норасоии масъуният ва вазъи осебпазирии аҳолӣ бо тадбирҳои пешгирии онҳо» Вазири тандурустї ва ҳифзи иљтимоии аҳолии Љумњурии Тољикистон, муовини раиси Шӯро – Насим Олимзода ва оид ба “Вазъи Вируси норасоии масъунияти одам Бемории пайдошудаи норасоии масъуният ва вазъи осебпазирии аҳолӣ бо тадбирҳои пешгирии онҳо” котиби Шӯро, сардори Шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ, Бозоралӣ Сафарализода баромад намуданд.

Пас аз анҷоми баромадҳо масъалањои зикргардида мавриди бањсу мунозира ќарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Мақсади баргузории ҷаласаи васеи Шӯроин ба роҳ мондани ҳамкорињои мутаќобилаи судманд дар пешгирии нашъамандӣ ва ВНМО, дарёфт кардани маълумотњои дақиқ оид ба теъдоди шахсони нашъаманд ва гурўњњои осебпазир миёни ањолї вобаста ба ВНМО, инчунин пайдо кардани маълумот оид ба иҷрои қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадорро дар бар мегирифт.


Обновлено 02.09.2019 12:14