Пешгирии па?ншавии нашъаманд? Печать
Автор: Комрон   
25.10.2018 03:30

Пешгирии пањншавии нашъамандї

5 октябри соли 2018 мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъмандї” – и Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон Одинабеков Ш.А. ва Сайидамирзод О. тибќи иљрои банди 2.1. Наќшаи чорабинињои Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон љињати иљроиши Барномаи соњавї оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2020» дар солњои 2017-2018 ва баланд бардоштани иттилоотнокии ањолї аз оќибатњои сўистеъмоли маводи нашъадор, пешгирии пањншавии нашъамандї ва беморињои сироятии марбут ба он бо омўзгорону донишљўёни Коллељи дизайнерии шањри Душанбе вохўрї доир намуданд.

Сараввал мутахассисон ањли нишастро бо таърихи пайдошавии маводи нашъадор ошно намуда, масъалаи зикргардидаро мавриди муњокима ќарор доданд.

Аз рўйи маълумотњои археологњо, башарият бо маводи нашъадор таќрибан 40 њазор сол пеш ошної пайдо карда буд. Дар тамаддуни ќадимаи Месопотамия, Миср, Юнони Ќадим, Њиндустон ва Хитой мардуми майя ва атсекњо аллакай медонистанд, ки баъзе аз растанињо ќобилияти бењуш кардан ва ё маст намуданро доранд. Замбурўѓњои дорои ќувваи ѓайритабииро онњо њадяи Худо ва ё зодаи шайтон мепиндоштанд. Аз он дар маросимњои љодугарї ва динї, баъзан барои табобат низ исгифода мебурданд, вале дар истифодаи он мањдудият муќаррар мешуд. Бо ин мавод танњо одамони махсус «шаманњо» сару кор мегирифтанд.

Тавре, ки аз маъхазњои илмї бар меояд, ин намуд растанињоро дар замони худ табиби бузург Абуалї ибни Сино дар тибб истифода бурдааст. Ў њангоми муолиљаи беморон афюнро њамчун маводи карахткунанда ё худ бедардкунанда истифода бурдааст.

Бо гузашти замон ва тарраќиёти илм, техника ва саноат маводи нашъадор синтез карда мешуд.

Дар ин замина, мутахассисон доир ба оќибатњои истеъмоли маводи нашьадор, аз ќабили тиббї, иљтимої ва њуќуќї њарф заданд. Ба таври маъмул ин оќибатњо одамро ба беморї, камбизоатї ва љиноят мебарад.

Дар фарљоми вохўрї мутахассисон љињати пешгирии нашъамандї ба ањли нишаст маслињатњои муфид доданд ва ба онњо китобчаву вараќањои иттилоотї вобаста ба масъалаи зикргардида таќсим намуданд.