Пешгирии нашъаманд?, майпараст? ва зарари он Печать
Автор: Комрон   
05.10.2018 07:17

Пешгирии нашъамандї, майпарастї ва зарари он

28 сентябри соли 2018 дар ќисми њарбии 0121-и Ќушўнњои сарњадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон дар мавзўи “Пешгирии нашъамандї, майпарастї ва зарари он” семинари машваратї доир гардид.

Дар семинар мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъмандї” – и Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон Одинабеков Ш.А. ва Ќодирова З.Д. иштирок намуданд.

Мутахассисон вобаста ба нашъамандї, майпарастї ва зарари он ба афсарону сарбозон маълумот доданд. Дар ин замина Ќодирова З.Д. њамчун равонпизишк - нарколог дар бораи омилњои даст задани љавонон, аломатњо ва оќибатњои он ба њозирин ба таври муфассал иттилоот дод. Яке аз омилњои даст задани баъзеи ќишрњои љомеа ба маводи мухаддир ва истифодаи пайдарпайи машруботи спиртї, ин паст будан ё тамоман надоштани љањонбинии илмиву динї ба шумор меравад, ки мутаассифона омили мазкур ба насли ояндасози миллатамон таъсири манфї мерасонад, Минљумла, мутахассиси соња ќайд намуд, ки барои халоси ёфтан аз ин вабои аср ба иродаи ќавии худи шахс вобастагии зиёд дорад. Њар як фард бояд омилњову эњсосотњои берунаро дуруст тањлил намуда, сипас роњи дурустро дар њаёт интихоб намуда, ба саломатии хеш, њамзамон ба атрофиён зарар нарасонад.

Сипас масъалаи зикргардида мавриди бањсу мунозира ќарор гирифта, афсарону сарбозони ин нињоди ќудратї фикру андешањои хешро иброз намуда, дар ин замина ба саволњои хеш доир ба нашъамандиву майпарастї ва оќибатњои он, аз ќабили сироятёбї ба беморињои гуногун ва љинояткорї аз љониби мутахассисон маълумоти мушаххас гирифтанд.

Бо назардошти њаммарз будани Љумњурии Тољикистон бо Љумњурии Исломии Афѓонистон, имрўз маводи нашъадор доман пањн намуда истодааст, ки ин яке аз омилњои асосии даст задани бархе аз ноболиѓону љавонон ба ин маводи нашъадор ба њисоб рафта, масъалаи доѓи рўз бокї мондааст.

Имрўз зарурият пеш омадааст, ки мо бояд дастаљамъона бо як нерўи баланд бо ин зуњуроти номатлуб мубориза барем.

Дар поёни чорабинї Муассисаи давлатии “Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъмандї” – и Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ба иштирокчиён вараќањои иттилоотї вобаста ба маводи нашъадор таќсим намуд.

28.09.2018