?омеаи солим бе маводи мухаддир Печать
Автор: Комрон   
19.09.2018 06:40

Љомеаи солим бе маводи мухаддир

Тибќи иљроиши банди 2.1-и Накша чорабинињои Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон, инчунин амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир дар Љумњурии Тољикистон барои соњои 2013-2020, санаи 18 сентябри соли 2018 аз љониби корманди Муассисаи давлатии “Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъмандї” Одинабеков Ш. Њ. бо омўзгорону хонандагони Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №4-и шањри Вањдат дар мавзўи “ Љомеаи солим бе маводи мухаддир” вохўрї баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар омўзгорону толибилмон ва як нафар намояндаи шуъбаи кор бо ноболиѓони ШКД шањри Вањдат низ иштирок намуданд. Мутахассиси Марказ бо маќсади баланд бардоштани иттилоотнокии њозирин доир ба пешгирии пањншавии нашъамандї, беморињои сироятии марбут ба он ва инчунин даст задан ба љинояткорї маълумоти муфассал дод.

Ќайд гардид, ки маводи мухаддир яке аз сарчашмањои маблаѓгузории терроризму экстремизм ба њисоб рафта, бо ин вабои аср танњо дар якљоягї бо њамаи рукнњои љомеа мубориза бурдан лозим мебошад. Њамчунин оид ба оќибатњои нашъамандї аз ќабили иљтимої, тиббї ва њуќуќї, иловатан оид ба мањдуд намудани мањсулоти тамоку фикру андешањо арзёбї гардид.

Дар фарљоми вохўрї ба иштирокчиён вараќањои иттилоотї таќсим карда шуда, чорабинї бо саволу љавоб доир ба ин мавзўи доѓи рўз љамбаст гардид.