Ҳаёт бе маводи нашъадор! Печать
Автор: Комрон   
28.06.2019 07:55

Њаёт бе маводи нашъадор!

25 июни соли 2019 Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандї» -и Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон дар њамбастагї бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон тибќи супориши Муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон, дар доираи банди 10-и «Наќшаи чорабинињои муштарак оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор дар Љумњурии Тољикистон барои соли 2019» бахшида ба «26 июн – Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар» дар майдони «800 - солагии Москва»-и назди Муассисаи давлатии академии назди «Театри опера ва балетаи ба номи С.Айнї» тањти шиори «Њаёт бе маводи нашъадор!» чорабинии оммавї баргузор намуданд.

 

Дар чорабинии оммавї намояндагони вазорату кумитањо, санъаткорони маъруфи Љумњурии Тољикистон ва ташкилотњои ѓайридавлатї бо маќсади муборизаи беамон бар зидди маводи нашъаовар ва пешгирии сўиистеъмоли он дар байни ањолии љумњурї, хамчунин љалб намудани ањолї ба тарзи њаёти солим иштироки фаъол намуданд.

Инчунин, Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандї» -и Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон дар њамбастагї бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон бахшида ба «26 июн – Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар» дар байни мактаббачагони муассисањои таълимии миёнаи умумии № 52, 86, 35, 78-и ноњияњои И.Сомони, Сино, Шоњмансур ва Фирдавсии шањри Душанбе озмуни расми бењтарин дар мавзўи “Пешгирии нашъамандї” доир намуданд.

Ѓолибони љойњои 1,2,3 ва иштирокчиёни  озмуни расми бењтарин дар чорабинии оммавии зикргардида эълон гардида, бо ифтихорномањову сипосномањо ва тўњфањои хотиравї ќадрдонї карда шуданд.

Дар фарљоми чорабинї миёни иштирокчиён маводњои иттилоотї дар мавзўи пешгирии нашъамандї таќсим карда шуд.


Обновлено 28.06.2019 08:00